ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати молия дар шаш моҳ ба буҷаи давлат 10 миллиарду 949,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати ММД 35 фоизро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти андоз тайи шашмоҳа натавонистаанд, нақшаи даромадро иҷро кунанд.
Аюбҷон Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1 июли соли 2019 ҳудуди 699 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2019 ба андозаи 27 миллион сомонӣ кам мебошад.
Ба иттилои масъулини Кумита, бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбат ба 3650 андозсупорандагони қарздор зиёда аз 4900 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 455 миллион сомонӣ қабул гардида, 341 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.
Мақомоти андоз мегӯянд, дар шашмоҳаи якум нисбат ба фаъолияти 880 нафар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 240 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардидааст. Манбаъ афзуд, ки аз ин ҳисоб ва маблағҳои солҳои қаблӣ ба буҷа 254,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Аюбҷон Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал зиёда аз 12 ҳазору 790 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаба маблағи 82,7 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.