Эмомалӣ Раҳмон ба бародарон Саъдуллоевҳо изҳори миннатдорӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Вахдад
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Вахдад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародарон Саъдуллоевҳо дар шаҳри Ваҳдат мактаби замонавӣ бунёд кардаанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намудааст.

Гуфта мешавад, ки мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

"Мактаби №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президент, аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилдидаи ин даргоҳанд ва саҳми дигар соҳибкорони маҳҳаллӣ бунёд ёфтааст. Ҳамзамон роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо пурра таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ аз сифати мактабҳои навсохт дар Душанбе нигарон аст

Дабистон дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар мактаби №30 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст.

Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон  майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0