ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои мавриди тафтиш қарор додани муассисаҳои таълимӣ, ки тоза ба истифода дода шуданд, комиссияи махсус ташкил намуд.
Бар асоси натоиҷи хулосаи гурӯҳи тафтишотӣ маълум гардид, ки сифати ҷиҳози синфхонаҳо дар кӯтоҳтарин муддат аллакай корношоям гардидаанд.
Илова бар ин, дар мактабҳои нав як қисми синфхонаҳо ва лабораторияҳо ба таъмир ниёз доранд ва майдони атрофи биноҳо дар ҳолати ногувор қарор дорад. Тахмин меравад, комиссияе, ки раиси шаҳр таъсис додааст, ба омӯзиши чунин мактабҳои пойтахт машғул хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҳар ним сол аъзоёни комиссия вазъи муассисаҳои таълимиро тафтиш мекунанд ва ба таври хаттӣ ба раиси шаҳр ҳисобот медиҳанд.
Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат
Қайд карда мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш нисбат ба директорони мактабҳо то аз вазифа сабукдӯш кардани онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Ҳисобот медиҳам: Рустам Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард
Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустами Эмомалӣ низ амр карда буд, ки бозорҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳрро аз назар гузаронад. Ҳамин тавр, раиси шаҳр мехост, ки шароити санитарӣ ва дигар қонуншиканиҳоро пешгирӣ кунад.