ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чиро таъкид кард.
Ба гуфтаи вазир барои Тоҷикистон аз ҳама муҳим риоя шудани қарордодҳои пеш тасдиқшуда аст.
"Барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки ҳамаи музокироти оянда ва барраси масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси санадҳои ҳуқуқие, ки қаблан имзо ва тасдиқшудаанд, сурат гирад", - гуфт вазир ва афзуд, ки ҳамин матлабро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбюой Жээнбеков таъкид карда буд.
Вазир афзуд, ки масъалаи аломатгузории марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон бисёр печида аст, вале сафари кишвардорон ба марз ва мулоқоташон бо мардуми наздисарҳадӣ моҳияти зиёд дорад.
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ
"Сафари раисиҷумҳурон, мардуми наздимарзиро руҳбаланд мекунад", - гуфт вазир дар нишасти хабарӣ.
Ин дар ҳолест, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар Исфара таърихӣ хонда, гуфт, ин музокирот ду кишварро ба амалияи анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.
Дар ин музокирот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокирот идома меёбад.
Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард
Дар рӯзи баъдӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯли Қирғизистон сафар карда, он ҷо музокиротро дар масъалаи аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дод.
Ба гузорити котиботи президенти Қирғизистон, Жээнбеков гуфтааст, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон музокироти таърихӣ рух дод.
Жээнбеков гуфт, чунин рухдод аз оғози таърихи мустақилияти кишвар то кунун набуд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки ин вохӯрӣбарои таҳкими муносиботи дуҷониба такони хубе хоҳад шуд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аҳаммияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шудааст.
Кишвардорон дар ин росто, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳиро зарур дониста, ба мувофиқа расидаанд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.
Робитаҳои бародаршаҳрӣ: Раҳмону Жээнбеков музокироти марзиро ҷамъбаст карданд