https://sputnik.tj/20190726/Muloqot-khossa-Rahmon-va-Zheenbekov-1029499600.html
Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст
Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи анҷом додани раванди делимитатсия ва... 26.07.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-07-26T14:05+0500
2019-07-26T14:05+0500
2021-08-10T16:35+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/91/1029499122_112:0:2368:1276_1920x0_80_0_0_ff944b1b05a9494c7df2107d3775c793.jpg
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/91/1029499122_225:0:2255:1276_1920x0_80_0_0_934266e32d75f8a193497731859749fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , осиёи марказӣ, қирғизистон, эмомалӣ раҳмон, сооронбой жээнбеков, муноқишаи марзӣ, суҳбат
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , осиёи марказӣ, қирғизистон, эмомалӣ раҳмон, сооронбой жээнбеков, муноқишаи марзӣ, суҳбат
Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст
14:05 26.07.2019 (Навсозишуда: 16:35 10.08.2021) Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Имрӯз дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Раҳмон ва Жээнбеков ва музокироти васеъ бо ширкати роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд.
Ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин музокирот, ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштаанд.
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ
"Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд", - омадааст дар хабарнома.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.
Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем
Манбаъ афзуда, ки анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбӣ хоҳад расонд.