ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, тарзи ҳаёти лӯлиҳо, ки талабандагӣ барои онҳо як касаба мебошад, ба таҳсили фарзандонашон халал ворид мекунад.
Ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ягон монеае барои таҳсили кӯдакони лӯлӣ вуҷуд надорад ва мушкилӣ танҳо дар тарзи ҳаёти ин гуруҳи ақаллияти миллӣ дар кишвар мебошад.
Ҳабибуллозода изҳор дошт, ки дар навоҳии гуногун масъалаи таҳсили фарзандони ақаллиятҳои миллиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, ки лӯлиҳо бештар дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва инчунин дар Ҷиргатол - феълан Лахш, макони зисти бештари қирғизҳои Тоҷикистон таҳсили кӯдакони ақаллиятҳои миллӣ баррасӣ шудаанд.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак изҳор дошт, ки ҳангоми мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ низ пайваста таъкид мекунанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ақаллиятҳои миллӣ барои ба таҳсил ҷалб намудани фарзандонро бештар намоянд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар ду ноҳияи Хатлон - Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ беш аз 4,5 ҳазор лӯлӣ зиндагӣ мекунанд. Дар назар аст, ки теъдоди дақиқи ин гуруҳи ақаллияти миллии Тоҷикистон соли 2020 ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ муайян шавад.