Оғози соли хониш: Рустами Эмомалӣ ҷой ва вақти фурӯши дастраси лавозимоти мактабиро гуфт

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои баргузор намудани ярмаркаҳо, ё худ намоишгоҳҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар пойтахт, қарори махсус имзо карда, замону маконашонро муайян намудааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо назардошти фаро расидани соли хониши 2019 – 2020, Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки аз 6 то 31 августи соли 2019 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор карда шаванд.

Сколько стоит собрать ребенка в школу - Sputnik Тоҷикистон
Барои гусели кӯдак ба мактаб дар Тоҷикистон чанд пул масраф мешавад?

Манбаъ ҳадафи ин дастури шаҳрдорро таъмини дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ хондааст.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, чунин намоишгоҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” - бозори “Меҳргон”, дар ноҳияи Шоҳмансур, назди ҷамъияти “Ховарон” ва кӯчаи Валаматзода 8 ташкил мешавад.

“Дар ноҳияи Фирдавсӣ, назди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Корвон”, “Корвон плюс”, Маркази савдои “Корвоншаҳр”, таввақуфгоҳи назди Марказҳои савдои “Ганҷина”, “Панҷшер” ва мағозаи махсусгардонидашудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ИИ Нассоҷии тоҷик”, дар ноҳияи Сино назди маркази савдои “Сафо” баргузор мешавад”, - омадааст дар қарор.

Школьная форма в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсоли сарулибоси мактабӣ дар пойтахт

Рустами Эмомалӣ муовинони худ, раисони навоҳии пойтахт, масъулини саноату савдоро муваззаф кардааст, ки иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

Мақомоти умури дохилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва маркази санитарӣ-эпидемиологӣ дастур гирифтаанд, ки ҳангоми баргузории намоишгоҳҳо риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарию эпидемиологиро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0