Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

© Pixabay/CCOПаломничество в Мекку
Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар ду соли охир талабгорони сафари Ҳаҷ коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон , зимни нишасти матбуотӣ аз коҳиш ёфтани талабгорони сафари Ҳаҷ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Давлатзода ба гурӯҳи нахустин зоирини озими ҳаҷ: дар Макка боодоб бошед

Сулаймон Давлатзода мегӯяд, давоми ду соли ахир, саҳмияҳое, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба зоирини тоҷик пешниҳод мекунад, пур намешаванд.

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

Ба изҳори вай, солҳои қаблӣ талабгорони сафари Ҳаҷ барои 5-6 сол навбат мепоиданд, аммо ду соли охир ҳатто саҳмияҳои пешниҳодшуда пур намешаванд.

"Дар соли гузашта зиёда аз 6000 квота ҷудо шуда буд, аммо мо 5000 нафар фиристодем, имсол бошад зиёда аз 7000 ҷой ҳаст, аммо бештар аз 5000 раводид гирифтанд", - таъкид намудаст Давлатзода.

Сабаби кам шудани хоҳишмандони  сафари ҳаҷро, роҳбари кумита  Сулаймон Давлатзода ба  бӯҳрони иқтисодӣ рабт дод.

Баръакси Тоҷикистон: арзиши сафари Ҳаҷ дар Узбакистон арзон шуд

Ҳамчунин, вай хабар дод, ки зиёда аз 70 нафар зоирони тоҷик, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ва хусусӣ ба иҷрои маносики Ҳаҷ мерафтанд, аз Дубай ва Ҷидда ба ватан бозгаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 22-юми июли соли равон аввалин зоирин тоҷик, ки 160 нафар мебошанд,  барои зиёрати хонаи Худо озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шуданд

Лентаи хабарҳо
0