ДУШАНБЕ, 1 авг— Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур дирӯз, 31-уми июли соли равон, тахминан соати 15:00 рух додааст.
Бар хабари манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Нисан", Ёраков Толиби 33- сола, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба канори роҳ чаппа шудааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа, худи ронанда Ёраков ва мусофиронаш: Сангов Зоирҷони33- сола, сокини шаҳри Душанбе ва Сафарова Қурбонгули 55-сола, сокини ноҳияи Дарвоз, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
ВУД: дар ду садамаи маргбор ду нафар ҷон бохтанд
Дигар мусофиронаш: Ҳақназарова Сафаргули 7-сола, сокини ноҳияи Дарвоз, Одинаев Шарифи 60- сла, сокини шаҳри Душанбе ва Умарҷон Лоиқшоҳи, 32-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.