ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Чаҳор нафар ҷавонони аз 14 то 24 солаи сокинони вилояти Суғд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд, хабар медиҳад, Кумтаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.
Бино бар хабари манбаъ, гурӯҳи наҷотдиҳандагони раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷаҳон нафар сокинони Истаравшан, ноҳияи Ашт ва Деваштиҷро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Гуфта мешавад сокинони ин манотиқ дар ҷойи барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ мекарданд.
Ҳушдори Кумита: ҳар рӯзи июн дар Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд
Манбаъ мегӯяд, пас аз дарё берун овардани ҷавонон ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд.
Кумита тавзеҳ медиҳад, ки давоми ҳафт моҳи охири соли равон дар рӯду кулҳои Тоҷикистон наздики 93 нафар ғарқ шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин муддат 43 нафарро кормандони ин ниҳод аз марг наҷот доданд.
Зимнан намояндагони кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон даъват ба амал меоранд, ки аснои оббозӣ дар кули дарёҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд.