Тойота таҳти идораи Авазови ноболиғ бо суръати 140 км/соат ба дарёи Душанбе "парид"-видео

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки мошини “Тойота корола” шабона таҳти идораи ронандаи ноболиғ бо суръати баланд ба дарёи Душанбе сарозер шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи гузориши видеоии ВУД, ронанда Фирдавс Авазов, сокини шаҳри Душанбе, соли таваллудаш 2002 нисфи шаб мошинро бо суръати хеле баланд дар кӯчаи Соҳилӣ рондааст.

Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе писари молики "Султони Кабир" ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд

Манбаъ афзуд,ки дар пайи ҳаракати бетартиб “Тойота” бо суръати баланд дарахт ва панҷараҳои оҳанинро зер карду ба дарёи Душанбе сарозер шудааст.

Ронандаи ноболиғ дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки замони рух додани ҳодиса ҳамсояаш ҳамроҳи ӯ будааст ва баъди афтидан ба дарё тариқи тирезаҳо берун шудаанд. Ба иттилои ВУД ин садама шаби 27 июл рух додааст.

Худи Авазови ноболиғ дар навори нашркардаи ВУД изҳор дошт мошинро тақрибан соати 2-и шаб бе огоҳии падараш гирифта, ҳамроҳи ҳамсоя ба роҳ баромадааст. Ӯ суръати ҳаракаташро замони рух додани ҳодиса ҳудуди 140 километр дар як соат гуфт.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса санад тартиб дода шуда, таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0