Посухи исломшиноси №1-и назди Президент ба суол аз намозхонӣ бо забони тоҷикӣ

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузариш ба медиабонкВерующие во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане
Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба суол дар бораи ҷоиз будани гузоштани намоз бо забони тоҷикӣ посух дод

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Баротзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Салмони Форс, яке аз саҳобаҳои Пайғамбари Ислом мебошад, ки бар асоси далелҳо нахустин тарҷумаи сураи Фотиҳаи Қуръони каримро анҷом додааст.

Праздничная молитва в праздник Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон санаи таҷлили "Иди Қурбон" маълум шуд

“Масъалаи анҷом додани намоз, яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом, аллакай дар даврони фаъолияти динии пешвои мазҳабиямон Имоми Аъзам ҳаллу фасли худро ёфта буд. Дар тамоми олами исломи имрӯза ниятҳои намозҳо ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ карда мешаванд. Вале тиловату қироати сураҳои алоҳида ва ё оятҳои алоҳидаи Қуръони карим ҳангоми адои ракатҳои гуногуни намоз ба забони арабӣ анҷом дода мешавад”, - тавзеҳ дод мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ таъкид кард, ки ба назараш дар ин ҷо ягон тазйиқ ё паст кардани мартабаю эътибори ягон фарҳанги миллӣ мушоҳида намешавад.  Баротзода бартарияти дини мубини Исломро ҳам дар он гуфт, ки ҳанӯз дар давраи нозил шудани тамоми оятҳо ва сураҳои Қуръони карим матни интиқодии он дастраси мусалмонон гардида буд. Қуръони карим ба яке аз унсурҳои қавии муттаҳидкунандаи мусалмонон табдил ёфт.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиатнома ба тоҷикистониён: 7 ҷои манъи намозхонӣ ва шарти соқит шудани намози ҷумъа

Вай таъкид намуд, ки дар баробари ин фақеҳон ва донишмандони иқлимҳои гуногуни ислом дар заминаи эҳтиром гузоштан ба ҳамаи сарчашмаҳои асосии дини мубини Ислом ва дар ин замина эҳё намудани фарҳанги тоисломии худро бисёр дуруст ба роҳ монданд.

“Фарҳанги амирони Сомонӣ дар асри 9 ва 10 намунаи олии ин гуфтаҳо мебошад. Тарҷумаи нахустини Қуръони маҷид низ ба забони тоҷикии дарӣ дар давраи ҳукмронии Аҳмади Сомонӣ сурат гирифтааст”, - иттилоъ дод .

Дар маҷмуъ масъулини Маркази исломшиносӣ дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид карданд, ки ниҳоди ягонаи содиркунандаи фатво дар кишвар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мебошад ва ҳар суол дар мавриди ҷоиз  будан ё набудан бояд ба ин ниҳод ироа шавад.

Лентаи хабарҳо
0