Муроҷиати мардум ба раиси Суғд кам шудааст: ӯ сабабашро гуфт

© SputnikРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки шумори муроҷиати сокинон ба унвонии раиси вилоят кам шудаанд, аммо ин маънои камэътимодии мардум ба ҳукуматро надорад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳукумати Суғд, 2 ҳазору 610 муроҷиати сокинон ворид гардидааст, ки ин рақам дар нисбат ба ин давраи соли 2018-ум, 1 ҳазору 220 муроҷиат кам аст.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хуҷанд: 32 оилае, ки хонаҳояшонро хароб карда буданд соҳиби манзил мегарданд

Аҳмадзода сабаби коҳиш ёфтани шумори муроҷиатҳоро шарҳ дода, гуфт, ки мо аз болои раисони шаҳру ноҳияҳо назоратро пурзӯр кардем, то ки масъалаҳоро дар худи маҳал ҳал кунанд.

“Дар маҳалҳо масъалаҳоро дуруст баррасӣ намекарданд, аз ин сабаб мардум хароҷот карда, аз роҳи дур ба ҳукумати вилоят меомаданд. Ман қариб ҳар моҳ ду борӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар мекунам ва якум аз раисон, муовинон, роҳбарони дасгоҳ ва раисони ҷамоатҳо мепурсам, ки қабули шаҳрвандон чӣ  гуна рафта истодааст. Мо ба шӯъбаи назорат ҳам дастуру супориш додем, ки муроҷиати шаҳрвандон то кадом сатҳ ҳал шудаанд, назорат намоянд”, - гуфт Аҳмадзода.

Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Cуғд озмуни “Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин” эълон кард: ҷоиза то 6000 сомонӣ

Раиси вилояти Суғд мавзӯъи муроҷиати сокинонро низ шарҳ дод, ки беш аз панҷоҳ дарсади онҳо ба масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замин марбут будааст.

Аҳмадзода гуфт, ки дар ин давра ҳукумати вилояти Суғд, қариб ба ҳазор нафар сокинони даҳ шаҳру ноҳияҳо, аз ҳисоби фонди идораи замини вилоят қитъаҳои замин ҷудо кардааст.

Кӯмак барои табобат, ёрии моддӣ, кӯмак барои бунёди манзил бахше аз масъалаҳое буданд, ки сокинон ба унвонии ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат кардаанд. Барои ҳалли ин масъалаҳо соҳибкорон ва  ҳам ҳукумати вилоят машғул мешаванд, гуфт, Аҳмадзода.

 

Лентаи хабарҳо
0