Cуғд озмуни “Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин” эълон кард: ҷоиза то 6000 сомонӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ озмуни вилоятии “Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин” эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар барои гузоронидани дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" ба тасвиб расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд барои тарроҳону дӯзандагони Чакан озмун эълон кард

Бино бар иттилои манбаъ, қарори мазкур аз ҷониби раиси вилояти Суғд рӯзи 16 июли соли равон ба тасвиб расидааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки озмуни мазкур бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2021 баргузор хоҳад шуд.  

“Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гузаронида шуда, дар он ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят иштирок менамоянд”,- таъкид намуд манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки барои муайян намудани ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти беҳтарин нишондиҳандаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ,фарҳанг, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасонии маишӣ, вазъи корҳои ободонӣ ва ғайраҳо ба назар гирифта хоҳад шуд.

Верхнелужицкая научная библиотека в Герлице, Германия - Sputnik Тоҷикистон
Озмун дар Суғд: беҳтарин китобхона барандаи 12 ҳазор сомонӣ мешавад

Мақмоти Суғд тавзеҳ доданд, ки озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" дар ду марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум ҷамоати шаҳраки беҳтарин ва ҷамоати деҳоти беҳтарин дар ҳудуди шаҳру ноҳия муайян карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм ва вилоятии озмун танҳо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар марҳилаи аввал ғолиб дониста шудаанд, иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки барои ғолибони озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" аз рӯи бахшҳои "Ҷамоати шаҳраки беҳтарин" ва "Ҷамоати деҳоти беҳтарин" аз ду ҳазор сомонӣ то шаш ҳазор сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим мешавад.

Лентаи хабарҳо
0