Шодихон Ҷамшед: сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нуктаро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед дар суҳбат бо ноиби президенти Институти стратегияи "Як камарбанд, як роҳ"и Донишгоҳи Чинхуаи Чин  Хуанг Деҳаи гуфтааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Муовини dазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед бо ноиби президенти Институти стратегияи "Як камарбанд, як роҳ"и Донишгоҳи Чинхуаи Чин  Хуанг Деҳаи мулоқот кардааст.   

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, вохӯрии мазкур дар доираи тарҳи "Тадқиқоти ҳамкории байналмилалӣ барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"  ва тибқи супориши Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатии кишвари Чин  баргузор гардидааст.

Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситоиши Гуттериш аз Тоҷикистон: сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Шодихон Ҷамшед аз ҳамкории ду давлат ёдовар шуда, аз ҷумла гуфтааст, ки талош ва кӯшишҳои роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин хеле назаррас мебошад.

Ӯ зикр кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба камбизоатӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт якчанд санадҳоро қабул намудааст.

"Хушбахтона, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ паст карда шуда истодааст", - гуфтааст Шодихон Ҷамшед.

Раҳмон: сатҳи бенавоӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ноиби президенти Институти стратегияи "Як камарбанд, як роҳ"-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин  Хуанг Деҳаи гуфтааст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон - огоҳӣ ёфтан аз вазъи камбизоатӣ дар кишвар мебошад.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар Чин Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Вазъи мардум хуб шудааст: вазири тоҷик сабаби қиматшавии гӯштро гуфт

Манбаъ афзуда, ки зимни ин вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни  масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии хешро иброз намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0