Ситоиши Гуттериш аз Тоҷикистон: сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш аз коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистоон ситоиш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии СММ хабар дода шудааст.

Дар даҳсолаҳои охир давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисодӣ ба пешрафти назаррас ноил шудаанд ва дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя саҳми муҳим мегузоранд, гуфт Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш дар ҷаласаи Амниятии СММ.

Дабири кулл гуфтааст, ки Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир дар самти рушди устувор ба пешрафти назаррас ноил гардидааст ва барои далели гуфтаҳояш Тоҷикистонро мисол овардааст.

"Масалан, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар – аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт. Аммо кишварҳои минтақа дар алоҳидагӣ амал карда, иқтидори худро пурра кушода наметавонанд. Ҳеҷ яке аз онҳо ба баҳр дастрасӣ надоранд ва аксарият дар давоми даҳсолаи охир ҳамчун ҷузъҳои аз ҳам вобастаи ягонагии комил рушд кардаанд", — гуфтааст Антониу Гутерриш.

Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки "даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад расидааст".

Лентаи хабарҳо
0