ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ин бозори воқеъ дар маҳаллаи 3-юм, аз калонтарин бозорҳои навбунёди Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки шаш соли пеш дар масоҳати 9 гектор бунёд шуда, дар ду ошёнаи он ҳудуди 2000 нуқтаи савдо, 16 дарвоза ва дорои таваққуфгоҳ барои нигоҳдошти 1500 воситаи нақлиёт будааст.
Масъулини “Суғдиён” бо пахши як эълон, тавассути шабакаҳои телевизиони маҳаллии Хуҷанд, барои ҳамкорӣ ва истифодаи ройгони нуқтаҳои савдо, махсусан барои яклухтфурушони маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод мекунанд.
Зимнан ин аввалин эълони ба таври ройгон пешниҳод кардани раставу дуконҳои бозор, барои тоҷирон ба таври ихтиёрӣ дар Суғд гуфта мешавад.
Дар соли соли 2018 аз маҷбуран куч додани савдогарони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба бозори навбунёди “Ашроф” дар ин ноҳия дар расонаҳои иттилоотӣ хабарҳо зиёд пахш мешуданд.
Бар тибқи матолиби расонаҳо, масъулини бозори “Ашроф” дар Ҷ. Расулов, барои пур кардани дуконҳо, аз роҳҳои ғайриқонунии иҷборан куч додани савдогарон, аз ҳисоби бозори марказӣ истифода кардаанд.
Ҳатто барои рафтани мардум ба ин бозор, масъулин як дафъа роҳи марказии ноҳияро аз ҳаракати ду самтаи восиати нақлиёт ба як тарафа табдил дода буданд. Танҳо баъди он, ки ҳама ба ин бозор рафта харид карданӣ шуд, роҳи маркази дубора барои ҳаракати ду самтаи воситаи нақлиёт барқарор карда шуд.
Дар соли 2015 як дафъа таксиҳои масири Хуҷанд-Душанбе аз автовокзали Хуҷанд, ба ин бозор интиқол дода шуданд, вале баъди муддати кам, аз сабаби камбуди мусофирон дубора боз ба автовокзал рафтанд. Аммо ҳоло гаштугузори мошинҳо дар роҳи автовокзали Хуҷанд душвор шуда, эҳтимол аст, таваққуфгоҳи таксиҳоро дубора ба ин бозор ҷойгир кунанд.
Масъулини бозори “Суғдиён” мегуянд, онҳо ба ҳеҷ вақт аз маҷбуран кӯч додани тоҷирон, ки амали берун аз доираи қонунӣ аст, кор намегиранд. Онҳо барои шаш моҳ дуконҳои барҳавои бозорро ба шарти комилан ройгон ба тоҷирон пешниҳод намуда, баъд аз он ҳам қиммати иҷораи он, дар муқоиса бо дигар бозорҳо поёнтар хоҳад буд.