Буҷаи Душанбе: даромад чанд буду хароҷот чӣ қадар?

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Душанбе гузориш дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи умумии даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардид

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ин нишондод нисбат ба нақша 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Президент РТ посетил Хатлонскую область, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа

“Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 964,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 44,4 миллион сомонӣ зиёд аст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 482,5 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 95,3 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 949,0 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.

“Дар ин давра ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ ба 58,4 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 фоиз зиёд мебошад”, - иттилоъ дод Ҳукумати Душанбе.

Манбаъ афзуд, дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши 548,2 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 401,6 миллион доллари ИМА ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 24,0 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0