ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфтааст, ки буҷети ноҳия дар шаша моҳи соли равон ҳамагӣ 87 дарсад иҷро шудааст.
Раисҷумҳур аз иҷро нашудани супоришҳои қаблӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст: "ҳангоми сафари қаблӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода будам, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагӣ барои иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2015-2019 чораҳои иловагӣ андешанд.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чораҳои дар ин самт андешидашуда ҳанӯз қонеъкунанда ва самарабахш нестанд. Маблағи пешбининамудаи барномаи мазкур то ба ҳол дар сатҳи соли 2014, яъне дар ҳаҷми 155 миллион сомонӣ бетағйир мондааст.
"Буҷети ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 87 фоиз иҷро шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет қариб 500 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст".
Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор кард, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор вусъат бахшида, ҳамаи имкониятҳоро барои дарёфти маблағҳои иловагӣ ва пурра амалӣ гардонидани Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, инчунин, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ сафарбар намоянд.