ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохта ва муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дархост аз Ҳукумат барои додани унвони ҳунарпешаи мардумӣ ба Далер Назаровро нашр карда, то ҳол онро дар гуруҳҳои гуногун ҳазорҳо нафар ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар зери ин муроҷиатнома танҳо дар гуруҳи “Ахбор барои афкор” феълан наздики 600 нафар имзо гузоштаанд, ки миёни онҳо ходимони намоёни фарҳанги Тоҷикистон ва мақомдорони давлатӣ низ мебошанд.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ баробари даҳҳо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, аз ҷумла овозхонҳо Ҳаётой Муъминова, Ҷаъфари Ҷалол ва дигарон ин пешниҳодро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ кардааст. Раҷаби Мирзо ташаббускори иқдом изҳор доштааст, ки дар ҷамъбасти ҷамъоварии назари мардум ин пешниҳод расман ба мақомоти Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.
Олег Фейзов, овозхони шинохтаи тоҷикистонии муқими Олмон низ дар вокуниш ба хабари “Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, Далер Назаров мардаки хуб аст, мукофот диҳед” дар гуруҳи фейсбукии “Хуҷандро дӯст медорам” изҳор доштааст, маҳз ин суханҳоро бояд вазир ба раисиҷумҳур расонад. Ба гуфтаи Фейзов маҳз расондани чунин пешниҳод метавонад, хидмати хуби вазир дар мақоми ишғолкардаи давлатияш бошад.
Ҷонибдории ҳазорҳо нафар дар гуруҳҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ аз пешниҳоди додани унвони расмии ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар ҳолест, ки худи Далер Назаров борҳо таъкид кардааст, ки муҳим унвону мукофотҳо нестанд. Ӯ худро фиристодаи мардум ва сарзамини Тоҷикистон медонад, ки фарҳангашро муаррифӣ мекунад.
Далер Назаров, ки 8 сентябри соли равон 60-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад, ҳудуди 40 сол дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунад. Худи Далер Назаров дар пайи суҳбатҳо атрофи мукофоту унвони давлатӣ бо нашри як изҳорот гуфт, ҳеч ниёзе ба унвон надорад ва арзишмандтарин эътироф барои ӯ ин муҳаббати мардум мебошад.