ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ахиран Шералӣ Ганҷализода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон эълом кард, ки пешниҳоди Эрон албатта барои тамоми кишварҳое, ки ба обҳои озод дастёбии мустақим надоранд матраҳ аст.
Ба гуфтаи вай, Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки бахше аз бандари Чобаҳорро иҷора бигирад.
Шералӣ Ганҷализода муътақид аст бандари Чобаҳор ба уқиёнуси Ҳинд роҳ дорад ва аз ояндаи хубе бархурдор аст.
Тоҷикистон аз Эрон даъват кард сохтмони нақби “Истиқлол”-ро идома диҳад
Ёдрас мешавем, ки қаблан баҳси истифода аз бандари Чобаҳор дар дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Руҳонӣ раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе матраҳ шуда буд.
Дар ин дидор Ҳасани Руҳонӣ гуфта буд бандари Чобаҳор метавонад яке аз муносибтарин ва амнтарин масирҳо барои интиқоли колоҳои Тоҷикистон ба обҳои озод бошад. Ҳамчунин мушаххас аст, ки истифода аз ин бандар муҷиби коҳиши ҳазинаҳо дар содироти коло аз Тоҷикистон хоҳад шуд.
Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ
Дар поёни соли 2016 низ Нарандра Мудӣ нахуствазири Ҳинд гуфта буд, ин кишвар ҳамроҳ бо Тоҷикистон тасмим ба густариши ҳамлу нақл ва тиҷорат аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон доранд.