Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Эмиль СадыровЗаброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон тирпарронии навбатӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа афсари қирғиз шадидан маҷрӯҳ шуд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон печидатар шудааст. Сомонаи РИА Новости бо истинод ба хабари дафтари матбуоти Вазорати  умури дохилаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар марзи ин ду кишвар  тирпарронии навбатӣ сурат гирифтаст, ки дар натиҷа  як афсар шадидан маҷрӯҳ шудаст.

"Аснои вохӯрӣ бо сокинони назди марзӣ, бо ҳузури роҳбари  Хадамоти сарҳадӣ ва губернатори вилояти Боткент, аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон тарафи сокинони ҳамсоякишвар тирпарронӣ сурат гирифт",- омадааст дар хабари манбаъ.

Бар хабари манбаъ, бар асари тирпарронӣ як нафар афсари қирғиз  захм бардошт.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июли соли равон сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ аст

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0