Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муноқишаи навбатӣ миёни бошандагони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 22 июл тахминан соати 16:00 бо вақти Душанбе, рух дод

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворух ва Оқсой муноқишаи ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар паи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як нафар - муаллими мактаб ҳалок шуда 16 каси дигар бистарӣ гардиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби муноқиша дар марз, гузоштани парчам аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Ворух шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистонро "хуш" наомадааст.

Шоҳидон таниши миёни бошандагони марзиро ба навор гирифтаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Хамин тавр конфликт рух дод

Публикация от Vorukh_page_official (@vorukh_news)

 

Навор аз ҷое оғоз мешавад, ки гурӯҳе аз шаҳрвандон як ҷо ҷамъ шуда, ҷанги лафзашон оҳист оҳиста ба муноқишаи ҷиддӣ табдил меёбад.

Дар навори навбатӣ дида мешавад, ки ба ҷои ҳодиса тариқи мошини боркаш сангҳо овардаанд ва ҳарду ҷониб якдигарро бо санг мезанад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Vorukh_page_official (@vorukh_news)

Овози сангандозон то рафт баланд мешавад ва муноқиша сахттар давом мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Ворухчон мо катитем як пораи хокатро ба киргиз наметем. ВОРУХЧОН БА ПЕШ 22.07.2019

Публикация от Vorukh_page_official (@vorukh_news)

Аз навор дида мешавад, ки дар ҷои ҳодиса корманди мақомоти қудратӣ ҳузур дорад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Киргизу точик чанг дар Ворух 22.07.2019 соати 17:13

Публикация от Vorukh_page_official (@vorukh_news)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таниш дар марзро иғвои навбатӣ медонад.

Бино ба гузориши КДАМ, рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Дар остонаи сафари Раҳмон: КДАМ таниш дар марзро иғвои навбатӣ гуфт

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони ҶҚ  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0