Соҳибкорон 30 тонна маҳсулотро ба “Тоҷикстандарт” супоридаанд, то нобуд кунад

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты в магазине
Жители Душанбе покупают продукты в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, таҳкими иртибот бо ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳоди тобеяш мебошад

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Давлатзода имрӯз дар оғози нишасти матбуотӣ гуфт, шӯъбаи иттилооти “Тоҷикстандарт” ба шӯъбаи иттилоот ва иртибот бо ҷомеа тағйири ном карда, минбаъд ҳамкорӣ бо ҷомеаро таҳким мебахшад. 

Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба мардум не, ба ҳайвонот: Ожонс 2 ҳазор кило гӯшти пастсифатро ба боғи ваҳш равон кард

Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, кори масъулини ин ниҳод бе ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа натиҷаи хуб намедиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки густариши иртибот бо ҷомеа ва мулоқотҳо бо соҳибкорон аллакай натиҷа дода, танҳо нимсолаи аввали соли равон даҳҳо ширкат барои нобуд кардани маҳсулоти муҳлаташ гузашта ба “Тоҷикстандарт” муроҷиат кардаанд.

Давлатзода гуфт, пештар дар ҳисоботҳо ҳамагӣ аз як ё ду ширкат хабар дода мешуд, ки барои нобуд кардани маҳсулоти муҳлаташон гузашта муроҷиат мекарданд.

Ба иттилои роҳбари “Тоҷикстандарт” пеш агар ҳамагӣ 500 кило ё 1 тонна маҳсулоти муҳлаташ гузашта нобуд карда мешуд, дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 30 тонна чунин маҳсулот бо иқдоми худи соҳибкорон нобуд карда шуд.

Давлатзода изҳор дошт, ки маҳсулот зери назорати Комиссияи махсус аз муомилот гирифта шуда, нобуд карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0