Ба мардум не, ба ҳайвонот: Ожонс 2 ҳазор кило гӯшти пастсифатро ба боғи ваҳш равон кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с мясом птицы, архивное фото
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии “Тоҷикстандарт” 2 ҳазору 343 кило гӯшти мурғи воридотие, ки зимни санҷиши мутахассисони “Тоҷикстандарт” бе сифат ва хатарнок дониста шудааст, ба “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии “Тоҷикстандарт” мутахассисони ин муассиса зимни гузаронидани санҷиши маҳсулоти гӯшти мурғи истеҳсоли Туркия, ки миқдори умумиаш 21 тоннаю 108 килоро ташкил медод, муайян намуданд, ки он аз рӯи санаи истеҳсол ба панҷ гурӯҳ раддабандӣ гардидааст.

Проект нового здания Таджикстандарта в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикстандарт дар шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нав мегардад

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ин миқдор 2 ҳазору 343 кило гӯшти мурғ аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон “Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқат накардааст. Ба ҳамин хотир гӯштҳои мурғ ба “Боғи ҳайвонот”-и Душанбе интиқол дода шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки 21 тоннаю 108 кило гӯшти мурғ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ аз Туркия ворид карда шудааст.
Мақомоти “Тоҷикстандарт” аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш намудааст, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави кишвар манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0