ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Азиз, корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ниҳод дар бораи ҷанҷоли ду мард пурсидааст, ки хостаанд бо қасами “занталоқ” ҳал кунанд, аммо якеяшон дурӯғ – ман зан надорам гуфта, ақибнишинӣ кардааст.
“Агар байни ду мард ҷанҷол шавад, яке ба дигаре гӯяд, ки “зан дорӣ, ба занат қасам хӯр, ки фалониро назадаӣ”, марди дуюмӣ гӯяд, ки “ман бо зан қасам намехӯрам, ман зан надорам”. Аммо ин мард зан дорад ва барои он ки занашро дар ин кор ҳамроҳ накунад, ин суханро мегӯяд. Оё дар ин сурат ба никоҳи онҳо ягон зиёне расидааст?”, - суол кардааст Азиз.
Шӯрои уламо посух додааст, ки ба никоҳ дар ин маврид халал ворид намешавад.
“Бародари азиз, дар ҳолати мазкур агар шахси қасам ёдкарда нияти ҷудоӣ надошта бошад, халале дар никоҳаш ворид нашудааст”, - таъкид кардааст Шӯро.
Ин ниҳод қаблан ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, посух дода буд, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст.
“Инчунин дар урфи мардуми кишвар қасам хӯрдан ё касеро қасам додан бо Каломуллоҳ маъмула аст ва қасам ҳисобида мешавад, вақте ки мебинӣ қасами бо Қуръон таъсири зиёд дорад ва фатво бар ин қавл аст”, - таъкид карда буд Шӯрои уламо ва далели ин фатвояшро “Шарҳи Илёс”, ҷ.2, саҳифаи 311 арзёбӣ карда буд.
Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.