Пул ёфтан дар хоб чӣ маъно дорад? шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев, STRПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дидани пул дар хоб ба ҳар чизе, ки инсонро аз ниёзмандию дузах наҷот медиҳад, далолат мекунад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Садриддин, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки дар хоб пул ёфтан аз роҳ чӣ маъно дорад.

Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

“Бародари азиз, дидани пул дар хоб ба ҳар чизе, ки боиси наҷоти инсон аз дармондагӣ дар дунё ва азоби ҷаҳаннам шавад, таъбир мешавад”, - посух додааст Шӯрои уламо.

Қаблан Алишер, як корбари сомонаи Шӯрои уламо дар саҳифаи ин ниҳод навиштааст, ки дар хоб ба ӯ ангуштарин додаанд ва таъбири ин хобашро суол кардааст.

“Бародари азиз, дидани ангуштарин дар хоб ба издивоҷ кардан ё ноил шудан ба ҷойгоҳе далолат мекунад”, - посух додааст Шӯрои уламо.

Ба хобдидаи дигар, ки худро Абдуллоҳ муаррифӣ кардаасту ангуштарин хоб дидааст,  Шӯрои уламо посух додааст, ки баракотро интизор бошад.

“Ман дар хоб дидам, ки бо номзадам тўй дорем ва ба якдигар ангуштарин гузаронидем. Ин хоб чӣ таъбир дорад”, - суол кардааст Абдуллоҳ.

Шӯрои уламо посух додааст, ки “ин хоби шумо хайру башорат аст, иншоаллоҳ шумо ба орзуи худ мерасед”.

Лентаи хабарҳо
0