Пул ҳасту дониш не: вазири маориф роҳи ҳуқуқшиносу дипломатшавии пулдорҳоро гуфт

© акс аз саҳифаи Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маорифи ТоҷикистонНишасти матбуотии Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон
Нишасти матбуотии Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз афроди серпул, вале камдониши кишвар тариқи бозиҳои гуногун мехоҳанд ба ихтисосҳо ба гуфтаи ӯ сара дохил шаванд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бархе аз атбои кишвар пул доранду дониш не, вале нияти дохил шудан ба ихтисосҳои баргузидаро доранд.

Намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ далели ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Русия – акс

Ба гуфтаи вазир чунин афрод дониши кофӣ барои дохилшавӣ ба ихтисосҳои писандидаашонро тариқи Маркази тестӣ надоранд ва аз роҳҳои дигар истифода мебаранд. Ӯ тавзеҳ дод, ки онҳо дар хориҷи кишвар аз ҷумла ба Бодканду Оши ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрҳои Русия мераванд ва ба ихтисосҳои сара – дипломат, ҳуқуқшинос, иқтисоди байналмилалию ғайра дохил мешаванд.

Вазир маориф нақл кард, ки баъди як соли таҳсил дар бахши ихтисосҳои сара дар хориҷ, муҳассилин мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданду таҳсилашонро давом диҳанд. Вазир гуфт, одатан аз чунин шева пулдорҳо истифода мебаранд ва афзуд, аз онҳо даъват мекунад, ки бо чунин бозиҳо фазои таҳсилоти Тоҷикистонро махлут накунанд. Ӯ гуфт, дар чунин ҳолатҳо гузариш тибқи тартибот танҳо баъди анҷоми баробарвазнӣ ба курсу донишгоҳи мувофиқ анҷом дода мешавад.

Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Мирбобоев: Тоҷикистон 830 квотаи таҳсил дар хориҷа гирифт

Нуриддин Саид таъкид кард, ки мақомоти маорифи кишвар танҳо як талабот доранд, ки хонанда хуб таҳсил кунад холи баланд гирифта дохили донишгоҳ шавад. Ӯ гуфт, Ҳукумат масъалаи интиқоли донишҷӯён аз дохил ба хориҷ ва баръаксро ба салоҳияти Вазорати маориф гузоштаасту роҳбарони донишкадаю донишгоҳҳо аз ин имкон бархӯрдор нестанд.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои вазири маориф феълан ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсадро муҳассилини бахши буҷавӣ ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0