Мирбобоев: Тоҷикистон 830 квотаи таҳсил дар хориҷа гирифт

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеВступительные испытания в Таджикском национальном университете
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хориҷӣ 830 квота ҷудо шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik.  Тибқи квотаҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ наздик ба 830 донишҷӯи тоҷик ба хориҷ аз кишвар барои таҳсил мераванд.  

Дар ин бора Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, имтиҳонҳои дохилшавӣ барои солҳои хониши 2018-2019 дар риштаҳои тахассуси гуногун ба анҷом расид.

Ин дар ҳолест, ки мутахассисони рус аз 26 донишгоҳи Русия дар имтиҳонҳои довталабон дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Русия барои Тоҷикистон 618 ҷой (квота) ҷудо намудааст. Ҳуҷҷатҳо дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ба Русия равон карда шуд.

Инчунин Мирбобоев таъкид кард, ки ба Тоҷикистон Чин 182 квота, Қазоқистон 50, Укроин 20 ва Белорус 8 квота ҷудо намуданд.  

Дар баробари ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба таври шартномавӣ низ таҳсил мекунанд. Шумораи чунин донишҷӯён ба панҷ ҳазор нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0