Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Акино дар Душанбе

© Judotmz.jimdoДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бунгоҳи варзиши “Манеж”-и Душанбе рӯзи 20 июл мусобиқоти Ҷоми Акино Ютака-2019 баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин мусобиқот ба поси хотири доктор Акино ва дӯстони ӯ, ки 21 сол пеш дар роҳи сулҳу суботи Тоҷикистон ҷон бохтанд, баргузор мешавад.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду паҳлавон раводид нагирифтанд: тафсилоти сабқатҳои 4 варзишгари тоҷик дар Будапешт

Акино Ютака, коршиноси Ҷопон дар умури Осиёи Марказӣ, Русия ва Урупои Шарқӣ дар умури Маъмурияти СММ барои барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон соли 1998 фаъолона ширкат карда буд, навиштааст ТоҷикТА.

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 20 июли соли 1998 Акино Ютака ва 3 тан аз дӯстони ӯ дар маҳалли кӯҳии ноҳияи Нуробод баъди музокирот бо гурӯҳи ғайриҳукуматӣ, дар назди соҳили Кӯли Кабуд аз зарби гулӯла кушта шуд.

Сафорати Ҷопон дар ҶТ, кумитаи умури ҷавонон ва варзиш ва Федерасибни ҷудуи кишвар ин мусобиқотро роҳандозӣ карданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба Ҷопон аз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон суҳбат карда, аз Акино Ютака зикр кард.

Ӯ гуфт, мардуми Тоҷикистон хотираи неки собиқ профессори Донишгоҳи Тсукуба Акино Ютакаро, ки ҷони худро дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон нисор кардааст, ҳамеша пос медорад.

Лентаи хабарҳо
0