ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, давоми се рӯз 550 варзишгар - 344 мард ва 206 зан аз 82 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд.
Манбаъ зикр кард, ки аз Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, , Акмал Муродов - 81кг, Комроншоҳ Устопириён - 90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг иштирок доранд.
“Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон сурат мегирад. Рӯзи 13 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи сеюм бошад, беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита афзуд, ки чун анъана ғолибон дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки Сомон ва Акмал фардо – 13 июл, Комроншоҳ ва Темур 14 июл куштӣ гиранд.
Рақиби Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Антуан Бучард аз Канада мебошад. Акмал Муродов дар даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо Алексисос Нтанадсидис аз Юнон куштӣ мегирад. Ҳарифи Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал Марко Бубанҷа аз Австрия ва ҳарифи Темур Раҳимов Сослан Бостанов аз Русия ҳастанд.
Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ додааст, ки ду варзишгари дигари Тоҷикистон – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг барои иштирок дар мусобиқа номнавис шуда буданд, аммо бо иллати дарёфт накардани раводид, аз иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.