Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаш моҳи соли равон 170 зан шикоят бурдааст

© SputnikУполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода
Уполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, занон бештар қарор доштани фарзандонашон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва ситонидани алимент муроҷиат мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт дар шаш моҳи соли равон ба ваколатдори кишвар 332 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ворид гардидааст, ки нибат ҳамин давраи соли гузашта 105 муроҷиат бештар ворид гаштааст.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор ба занон: "аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид"

Зани 26-сола танҳо баъди шавҳар кардан фаҳмид, ки мард будааст

Вай афзуд, аз ин оморо дар боло зикр шуда, 170 муроҷиат ба занон рост меояд.   

Ба занони узбакистонӣ ҳуқуқи баъди талоқ дар хонаи шавҳар монданро доданд

“Муроҷиати занон бештар нисбати фарзандонашон ҳаст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд ё барои гирифтани алимент аз шавҳар мушкилот доранд”, - гуфт Бобозода.

Инчунин вай таъкид кард, ки занон аз таълиму тарбияи фарзандон ва манзили дастрас низ шикоят бурдаанд.

Вай қайд намуд, ки масъулин ба аксари муроҷиатҳои занон расидагӣ мекунанд. Онҳо кушиш мекунанд дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва муассисаву идораҳои Тоҷикистон ба мушкилоти сокинони кишвар расидагӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0