Дувоздаҳ ноҳияи беадвокати кишвар: ҳуқуқи сокинонро кӣ дифоъ кунад?

© Sputnik / Валерий МельниковПодсудимая, архивное фото
Подсудимая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҳол 12 ноҳияи се вилояти Тоҷикистон адвокат надоранд. Сокинон, барои ҳимояи ҳуқуқи худ дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз дигар ноҳияҳо адвокат киро мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба маълумоти Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, ин ноҳияҳо Тоҷикобод, Сангвор, Нурободи тобеъи ҷумҳурӣ,  Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувону Ховалинг дар  Хатлон ва Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим и вилояти  Бадахшон, будаанд, ки ки ягон адвокат надоштаанд. Ба иттилоъи манбаъ, аз ин ноҳияҳо, шаҳрвандон барои дарёфти мақоми адвокатӣ ҳуҷҷат пешниҳод накардаанд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти вакили ҳуқуқ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе

Саидбек Нуритдинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар чунин ҳол барои ҳимояи ҳуқуқи сокинон, дар мурофияҳои додгоҳӣ, аз ҳисоби дигар ноҳияҳо адвокат таъмин карда мешавад. Дар соли гузашта, низ дар ноҳияи Шаҳринав ҳам ягон адвокат фаъолият надошт ва вақти зарурат аз ҳисоби шаҳри Ҳисор адвокат фиристода мешуд, гуфт Нуритдинов.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, давоми чаҳор сол, панҷ мақомоти минтақавии адвокатӣ таъсис додааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои сокинон дар баҳсу баррасиҳои судӣ дар ноҳияҳо, машғуланд.   

Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳомиёни ҳуқуқ: мақомоти тоҷик бояд Бузургмеҳр Ёровро озод намоянд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моҳи марти соли 2015, Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ро қабул кард ва бар тибқи он комиссияи вижа дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд фаъолияти  шаҳрвандонро, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ имтиҳон мекунад.

Аммо Саидбек Нуритдинов мегуяд, қабули Қонун дар бораи адвокатҳо як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуд, ки  ба камбуди теъдоди адвокатҳо боис шуд.

“Масъалан барои як садамаи нақлиётӣ, ки аз беэҳтиётӣ дар сӣ соли пеш рух дода, ҷарима татбиқ шудааст, шахс ҳуқуқи адвокат шудан надорад.  Ё , ин ки парвандаи ҷанҷоли оилавӣ, ки қатъ шудааст, асос барои маҳрум шудан аз ҳуқуқи адвокатӣ аст. Ин муқарраротҳо, ки асосан нодурустанд, сабаб шуданд, ки дар Тоҷикистон, имрӯз шумори адвокатҳо ба маротиб поён рафт”, гуфт Нуритдинов.

Зиндагӣ баъди ятимхона: ҳуқуқ ва имтиёзот

Аз соли 2015 ба ин тараф, гирифтани мақоми адвокатӣ ба зиммаи комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия вогузор шудааст. Ин Комиссия ба ҷузъ додани мақоми адвокатӣ, инчунин масъалаи қатъ намудани фаъолияти адвокатӣ ва гузаронидани аттестатсия барои адвокатҳоро низ дар ихтиёр дорад.

Зимнан дар тӯли чаҳор сол 2015-2019, наздики 800 нафар, аз сӯи комиссияи тахассусӣ мақоми адвокатиро дарёфт кардаанд. Бар пояи  иттилоъи сомонаи расмии Вазорати адлия, 787 нафар, то санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд.

Аммо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегуяд, ин дар ҳолест, ки бар тибқи муқарраротҳои байналмилалӣ, барои як миллион аҳолӣ, бояд на кам аз 1000 адвокат фаъолият дошта бошад.

Заключенный. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои шиканҷаи шавҳараш ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кард
Зимнан ба аҳолии қариб 9 миллион нафарии Тоҷикистон наздики 800 адвокат фаъолият мебарад, ки барои як миллион аҳолӣ ҳатто шумори 100 адвокат ҳам рост намеояд. Омори қариб 800 нафари адвокатҳо, Тоҷикистонро, ҳоло дар феҳристи аз ҳама болои миёни собиқ давлатҳои Шӯравӣ қарор додааст, ки шумори аз ҳама ками адвокатҳоро дорад. 

Саидбек Нуритдинов мегуяд, ҳоло зарурати бознигарии Қонун дар бораи адвокатҳо ба вуҷуд омадааст, то мушкили норасоии адвокат дар ноҳияҳо бартараф шавад.

Ӯ афзуд, ки дар ин бора амри раисиҷумҳур низ содир шудааст, ки мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмиллалиро тақозо мекунад.

Лентаи хабарҳо
0