Душанбе, 8 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба сурати оҷил Бузургмеҳр Ёровро озод намоянд, ё дар қиболи ӯ айбномаи қонунӣ эълм кунанд, омадааст дар баёнияи созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсони мавсум Human Rights Watch.
Дар ин изҳорот шаш ташкилоти ҳимояи ҳуқуқ: Paris Bar, Ассосатсияи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights (IPHR) ва Norwegian Helsinki Committee имзо гузоштаанд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки аз ҳақи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, рӯзи 28 сентябр ба қаллобӣ ва сохтакорӣ муттаҳам ва аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ дастгир шуд. Бино ба қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯ то анҷоми тафтишот ду моҳ дар боздоштгоҳ хоҳад монд.
Ҳамчунин дар ин баёния аз мақомот тақозо шудааст, ки дастрасии хонаводаи ӯро бо вакили дифоъ таъмин кунанд.
Ба иттилоъи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳабси Бузурмеҳр Ёров ангезаи сиёсӣ дошта, ӯ чорумин вакили дифои тоҷик аст, ки бо ин ангеза таъқиб ва зиндонӣ мешавад.
Боздошти Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз узви боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунболи он Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи шашуми октябр эълом дошт, ки дар қиболи 23 нафар аъзои ҲНИТ, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Нисбат ба онҳо ва нафарони дигар, ки мақсади ғасб намудани ҳокимиятро дар Тоҷикистон доштанд, бо моддаҳои 179(терроризм), 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, ташкилоти ҷиноӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ), 306 (бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон), 313 (исёни мусаллаҳона) ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.