ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Як манбаъи огоҳ аз раванди даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳукумати вилояти Суғд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои иҷрои нақша, аз ҳисоби шаҳри Хуҷанд 3 нафар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 нафар наваскар ҷалб ва ба хизмати ҳарбӣ фиристодан лозим будааст.
Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-май давом мекунад, аммо ба кундӣ иҷро шудани нақша дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ғафуров масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Суғдро нигарон кардааст.
Иҷро нашудани нақша, то рӯзҳои охирини маъракаи даъвати ҷавнон ба хизмати ҳарбӣ дар Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров, маълум мешавад, ки сурати иҷроиши нақшаи фиристодани ҷавонон ба сафи артиш дар қисмҳои низомии Тоҷикистон назар ба ин давраи соли гузашта сустар будааст.
Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд аз ҷумлаи шаҳрҳое гуфта мешавад, ки бо вуҷуди доштани аҳолии бештар иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон ҳарсол ба сустӣ пеш меравад. Ду сол қабл ҳам ин шаҳр нақшаи фиристодани ҷавонон ба хизмати аскариро ба таври бояду шояд ба иҷро расонида натавонист ва дар як ҷаласа масъулини комиссариати ҳарбии Суғд аз масъулини Хуҷанд даъват карданд, ки минбаъд барои иҷрои нақша аз худ ташаббус нишон диҳад.
Аз “облава” то қонуни хизмати алтернативӣ дар Тоҷикистон
Ҳарчанд бархе аз шӯъбаҳои комиссарияти шаҳру навоҳии Суғд теъдоди кофии ҷавонон барои фиристодан ба хизматро ҷамъ овардаанд, вале бо ин вуҷуд бисёре аз ҷавонон аз хизмат дар сафи артиш парҳез мекунанд. Дар ин ҳолат кормандони комиссариатҳо ночор нақшаи даъватро бо истифода аз ҳодисаҳои “облава” ва ё гирогири ҷавонон аз роҳи кӯчаву бозор ба иҷро мерасонанд. Ва ҳамасола бо оғоз шудани маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ, хабарҳо аз боби “облава” ҳам зиёд шунида ва нашр карда мешаванд.
Даъвати имсолаи баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳам орӣ аз нашри хабарҳо дар бораи облава набуд ва дар расонаҳо аз чанд ҳолати бо роҳи зурӣ ба хизмат бурдани ҷавононро нашр кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аксар ҷавонон мегуянд, адами шароит дар қисмҳои низоми кишвар ва аз ҷониби дигар мавҷуд будани меҳтарсолорӣ ва ё ба истилоҳ дедовшина бисёриҳоро аз хизмат дар артиш гурезон кардааст.
Аҳмад як ҷавони суғдӣ мегуяд, ки бародараш ба хизмат рафта аз он хотираи неке набардоштааст. Ӯ гуфт, ки бародараш дар хизмат азоб каршида ва саломаташро аз даст додааст.
Ҷавонон мегуянд, риоя нашудани оиннамаи ҳарбӣ дедошина ва ё меҳтарсолорӣ ва инчунин шароити номусоид дар артиш аз иллатҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст.
Шаҳбол Мирзоев, сокини ноҳияи Ашт, яке аз сарбозонест, ки дар соли 2014 аз сӯи як ҳамхидматаш мавриди зурравоӣ қарор гирифт ва ҳоло инак панҷ сол боз дар Хуҷанд муолиҷаи маъюбӣ мегирад. Шаҳбол Мирзоев пас аз хатми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ ба қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати сарбозӣ рафт, вале аз сӯи ҳамхидматаш Ғайрат Усмонов, фелдшери қисми низомӣ мавриди шиканҷа қарор гирифт ва сутунмуҳрааш шикасту маъюб шуд.
Комилҷон Самадов таҳлилгари масоили ҷавонон мегуяд, ки роҳандозии чанд омил метавонад, шавқи ҷавононро барои ба хизмат рафтанд бедор кунад.
“Аввал ин, ки шариот дар гарнизонҳо, дар қисмҳои низомӣ бояд хуб карда шавад, зеро имрӯзҳо афсаронро дар кӯчаҳо мебинем, ки шароити либоспӯшии хуб надоранд. Дигар, ин ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ бояд дасташон пок бошад ва аз нигоҳи қонун ба ҳама баробар назар кунанд, дар ин сурат худи ҷавонон ҳам бо сари балан ба хизмат мераванд ва ҳоҷат барои ба таври маҷбурӣ ҷалб кардани ҷавонон, ки хилофи қонунгузорӣ аст, намемонад”, - мегуяд коршинос.
Бархе дигар аз коршиносон, роҳандозии хизмати алтернативӣ дар Тоҷикистонро як амри саривақтӣ медонанд. Чизе, ки баъзе аз давлатҳои пасошӯравӣ лоиҳаи ҳамчунин қонунро қабул карда ва дар ин самт муваффақ ҳам шудаанд.
Дар ҳоле, ки чанд сол боз лоиҳаи ҳамчунин Қонуни хизмати алтернативӣ дар Тоҷикистон дари порлумонро мекӯбад ва то ҳол вакилон аз қабули он парҳез мекунанд.