ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Новобаста аз таҳримҳо “Рособоронэкспорт” дар соли 2018 зиёда аз 1,1 ҳазор созишнома бо маблағи 20 миллиард доллар (25% зиёд нисбати соли гузашта) ба имзо расонида, дар ҳаҷми 13,7 миллиард доллар ба кишварҳои хориҷ яроқу аслиҳа фурухтааст. Инчунин ба миқдори 50 миллиард доллар дар асоси созишномаҳо фармоиш шудааст.
Маҷмааи саноати ҳарбии Русия алакай як сол пеш ба кор таъмин аст. Намояндагии “Рособоронэкспорт” дар зиёда аз 50 кишвари дунё ҷойгир шудаанд.
Талаботи бештар ба техникаҳои авиатсионӣ, воситаҳои дифои ҳавоӣ, мушакҳо ва маҷмааҳои артиллерӣ мебошад.
Омилҳои асосии рақобатпазир будани яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҷангии Русия дар сифати баланд, тавсифномаи беҳтарини муҳрибавӣ доштан, нархи дастрас, ба таври қарз додани онҳо ва бо кишварҳои ИДМ ба воситаи рубл ҳисобӣ кардани онҳо аст.
Хориҷиён аз ҳама бештар талабгори ҳавопаймоҳои ҷангии Су-30, ҳавопаймоҳои ҷанги-омӯзишии Як-130, чархболҳои ҷангии Ми-28НЭ и Ка-52, чархболҳои ҳарбии нақлиётии Ми-171 Ш ва Ми-17В-5 мебошанд.
Яроқу аслиҳаи русӣ дар ҳолати амалиётҳои ҷангӣ боваринок ва муфид мебошанд. Кишварҳои пасошӯравӣ ҳам дар давраи нимсолаи 2019 ҷойгоҳи махсус доштани яроқу аслиҳаи русиро тасдиқ намуданд.
Аз маърӯзаи институти байналмилалии таҳқиқоти Стокголм бар меояд, ки калонтарин харидорон аслиҳаи русӣ дар бозори ҷаҳонӣ Ҳиндустон (27%) ва Чин (14) мебошанд. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ – Озорбойҷон, Беларус ва Қазоқистон мебошанд. Маълумотҳои институти Стокголм гуногун мебошанд.
Дар раддабандии ҷаҳонӣ оид ба соҳаи ҳарбӣ Тоҷикистон тайи чанд моҳи охир ду зина боло рафта дар ҷои 94-ум қарор гирифт, аммо то ҳол миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун як кишвари зери хатарҳои террористӣ қарор дошта, боқӣ мемонад.
Мавқеъҳои хавфноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1,3 ҳазор километрро ташкил медиҳанд ин дар ҳолест, ки дар шимоли Афғонистон 5 ҳазор ҷангҷӯй мавҷуд аст.
Дар пасманзари ин мавқеи хавфнок Русия уҳдадор шудааст, ки то соли 2025 барои навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 200 миллион доллар маблағгузорӣ намояд. Дар аввали моҳи май мақомоти Маскав ба намояндагони Душанбе ба маблағи 9 миллион доллар техникаҳои ҳарбӣ дода буд.
Также дар донишгоҳҳои низомии Русия наздик ба 600 донишҷуйи тоҷик ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 1000 низомиёни тоҷик дар назди плойгоҳи низомии 201-ум курсҳои ихтисоси мегузаранд.
Пойгоҳи 201-ум ва яроқу аслиҳаи Русия барои Тоҷикистон кафили асосии амният дар кишвар боқӣ мемонанд.
Ҳатто як омӯзиши кутоҳ имкон медиҳад муаян кард, ки муҳимияти стратегии яроқу аслиҳаи русӣ ва ҳамкориҳои низомии ҳарду кишвар барои пойдории истиқлол ва амнияти бисёр кишварҳо ва харқҳои пасошӯравӣ мавқеи хоса доранд.
Яроқу аслиҳаи нозуки Амрикою кишварҳои ғарб дар шароити зангини мо дер давом намекунанд.