ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода далели аслии боло бурдани нархи нерӯи барқ ва гармиро ба беҳтар кардани вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" рабт дод.
Одиназода зимни нишасти хабарӣ зикр намуд, ки имрӯз вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" хуб набуда, беҳбудиро талаб мекунад. Аз ин рӯ аз 1 сентябри соли равон нархи неруи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад.
"Чун хароҷоте, ки вобаста ба истеҳсолот ва хизматрасонии неруи барқ мешавад, бояд рӯпӯш карда шавад. Зеро ҳеҷ кас бар зарари худ кор намекунад", - изҳор дошт роҳбари хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Ба гуфтаи Назар Одиназода, аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи молиявии "Барқи тоҷик" ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шуд.
Одиназода зикр намуд, ки пас аз санҷиш доир ба боло рафтани нархи неруи барқ, қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июни соли равон қабул карда шуд.
Мувофиқи қароре, ки ҳукумати Тоҷикистон санаи 22 июни соли равон қабул намуда буд, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам минбаъд 22,66 дирам маблағ пардохт мекунад.
Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло меравад.