Чин барои навсозии роҳҳои ВМКБ 30 миллион доллар ҷудо мекунад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото
Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик мутахассисони чинӣ нацшаи навсозии роҳи Қалъаи Хумб-Рушонро тарщрезӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Айни ҳол миёни Тоҷикистону Чин дар мавриди ба истифода қарор додани грантҳои чинӣ вобаста ба навсозии роҳҳои минтақаи ВМКБ – аз Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рушон гуфтушунидҳо рафта истодааст, гуфт ноиби вазири нақлиёт Суҳроб Мирзода.

Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс

Вай қайд кардааст, ки дар рӯзҳои наздик мутахасисони чинӣ барои асоснок кардани ҷанбаҳои техникию иқтисодии  роҳҳои ин минтақа ба Тоҷикистон меоянд. Дар маҷмуъ барои навсозии роҳҳои ба нақшагирифта 30 миллион доллар харҷ мегардад.  

Ба гуфтаи Мирзозода дар ин минтақа мехоҳанд ду роҳи зери замини (таннел) созанд. Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки ин лоиҳа баъди 3-4 сол ба анҷом мерасад ва баъдан ин роҳ ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад.

Ғайр аз ин корҳои навсозӣ болои роҳҳои Ширгодвад-Дарвоз ва Кӯлоб-Шӯрободи роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма оғоз гардидааст, илова кардааст ӯ.

Ёдовар мешавем, пештар ширкати чинии  Power China хостори бунёд кардани 3 мактаби таҳсилотӣ дар Тоҷикистон ба таври ройгон шуда буд. Дар назар аст мактабҳоро дар Данғара, Бохтар ва Левақанд бунёд намоянд

Бояд қайд намуд, ки Чину Тоҷикистон дер боз дар соҳаи иҷтимоӣ ба таври фаъолона ҳамкорӣ доранд.

Чанде пеш хабар дода шуда буд, ки ширкати саноати куҳии чинӣ барои таъмиру навсозии биноҳои таҳсилотӣ ва сохтумони майдонҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон кумакашро мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0