Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе
Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино навсозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пиёдароҳ ва пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Синои шаҳри Душанбе навсозӣ мешавад. Дар ин бора агентии давлатии Ховар хабар дода, афзудааст, ки равшанидиҳии хиёбони мазкур низ ба таври муосир ба роҳ монда мешавад.  

© Акс аз саҳибафи фейсбукии Архитектураи ДушанбеЛоиҳаи бозсозии пули мошингузари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе
Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи бозсозии пули мошингузари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе

 Ба иттилои манбаъ лоиҳаи иншооти мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 8 майи соли равон аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" таҳия  гардидааст.

© Акс аз саҳифаи фейсбукии Архитектураи Душанбе Лоиҳаи бозсозии кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи бозсозии кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Лоиҳаи номбаршуда аз ҷониби ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" татбиқ мегардад.

Тибқи қарори марбута  ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба  корҳои сохтмонӣ  оғоз менамояд. Дар асоси ин қарори Раиси шаҳр, ҷамъияти мазкур баъди анҷоми  корҳои сохтмонӣ иншоотро барои мавриди истифода қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.

© акс аз саҳифаи фейсбукии Архитектураи ДушанбеЛоиҳаи бозсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи бозсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Дар қарори номбаршуда омадааст, ки Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ  ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе" дар раванди корҳои сохтмонӣ бо ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба хатҳои муҳандисии мавҷуда мусоидат намояд.

Лентаи хабарҳо
0