ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини ноҳияи Рудакӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ сокини 28-солаи ноҳияи Рудакӣ, дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қағазҳои қимматноки қалбақӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар хабар манбаъ омадааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.
Номбурда бо мақсади истифода бурдан,17 ҳазору 500 еврои қалбакиро бо худ нигоҳ доштааст.
Дар Русия чор тоҷикро ба иттиҳоми шаробсозии ғайриқонунӣ дастгир карданд
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 35-адад купюраҳои 500-еврогӣ қалбакӣ буда, бо тарзи дастгоҳи чопи ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ тайёр карда шудаанд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.