ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз сӯи кормандони милитсия марди 62-сола дастгир шуд, ки дар фиребкории ду сокини пойтахт айбдор мешавад.
Тавре манбаъ, зикр кардааст аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини пойтахт, 28 декабри соли 2012, бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намуда додани манзили истиқоматӣ аз ӯ 113 ҳазор сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Тарки одат балои ҷон: Абдумаҷид баъди суд шудан боз мардумфиребӣ кард
Инчунин номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо марди 41-солаи сокини пойтахт, моҳи июни соли 2001, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намудани хонаи 3-ҳучрагӣ аз ӯ 176 ҳазор сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Хонафӯруши қалбакӣ дастгир шуд
Дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.