Додситонии кулли Тоҷикистон: дар зарфи 6 моҳ 55 ноболиғ худкушӣ кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини додситонии кулли Тоҷикистон эълон намудан, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон дар кишвар 248 нафар даст ба хукушӣӣ задааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон намуданлд, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 248 нафар даст ба худкушӣ заданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 нафар камтар мебошад.

Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавононро таҳқиқ хоҳад кард

Дар ҳамин ҳол, масъулини додситонии кулл таъкид намуданд, ки миёни 248 нафаре, ки даст ба худкушӣ заданд, 55 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳад.

Чаро хонандаи мактаб дар Ашт худкушӣ кард?

Масъулин афзуданд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон  мноқишаҳои оилавӣ, низоъҳо дар ҷои кор, таҳсил, мушкилоти модӣ, рашк, гирифтор ба бемории руҳӣ ва нашъамандӣ будааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон инчунин зикр намуданд, ки онҳо 24 ҳолатро муайян намуданд, ки шаҳрвандон бо сабаби ҳаракатҳои ғайриқонуни аз тарафи наздиконашон рафиқонашон даст ба худкушӣ заданнд.

Наҷоти зани 45-сола дар Душанбе, ки мехост даст ба худкушӣ занад

“Дар ҳоли ҳозир, нисбати 18 нафар парвандаи ҷиноӣ ба суд фиристода шуд, ва қисме аз онҳо маҳкум ҳам шуданд”, -гуфт масъулини додситонии кулли Тоҷикистон.

Удавка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ашт худкушӣ камтар шудааст

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар Тоҷикистон бештар мардҳо даст ба худкушиӣ мезананд. Аз 248 нафаре, ки дар ҷумҳуриӣ даст ба худкушӣ задаанд 55 дарсадаш мардон ва 45 дарсадашро занон ташкилд медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати тандурустӣ, дар яке аз ҷаласаҳояш вазъи бемориҳои рӯҳӣ ва  ҳолатҳои худкуширо  дар ҷумҳурӣ  таҳлил намуда, пешниҳод карданд, ки тадбирҳои  пешгирии худкушӣ дар байни ҷавонон тавассути табибони оилавӣ ва равоншиносон пурзӯр шуда омилҳои он мушаххас омӯхта шаванд.

Наҷоти ҷавонзани 27-сола, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохт

“Тибқи натиҷаи таҳлилҳо, дар аксари ҳолатҳо шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд,  ба ягон намуди бемории рӯҳӣ рӯ ба рӯ нашуда буданд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0