ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт ҳолатҳои худкушӣ камтар шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати ноҳияи Ашт.
Давоми соли 2017 Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт зиёда аз 42 маротиба дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳо доир кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, масъулин бо мақсади пешгирии роҳи хушунати хонаводагӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва худкушии занону духтарон бо зиёда аз 3 ҳазор занон мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.
Гуфта мешавад, дар 11 моҳи соли равон байни занону мардони ноҳия 6 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод як нафараш аз ҷин си зан мебошад.
Худкушӣ байни сокинони ноҳия дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Ашт 25 ҳодисаи худкушии сокинон ба қайд гирифта шуд. Аз ин теъдод 12 нафар занон ва 13 нафар мардон мебошанд.
Ҳамчунин давоми имсол дар ноҳияи Ашт 1046 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Пошхӯрии оилаҳо бошад 336 адад мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта, 1389 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, бекоршавии он 282 ададро ташкил медиҳад.