Пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи равон: гармӣ аз Эрон ворид мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушки с веером в Таджикистане
Девушки с веером в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон ҳарорати ҳаво дар кишвар боло рафта, то 43 ва дар бархе навоҳӣ то 46 дараҷа гармӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, дар пайи воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути Туркманистон ва Узбакистон аз 15 то 20 июл дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон гармӣ то 40+43 дараҷа мерасад. 

Восстановление хлопковых полей после обильных дождей в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҷабри “депрессияи атмосферӣ” ба деҳқонҳои Суғд: 7 ҳазор гектари пахтаю харбуза хароб шуд

“Инчунин дар  ноҳияҳои ҷанубӣ  ҳарорат ба 44+46 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 31+36 ва дар ноҳияи Дарвоз то 41 дараҷа гармӣ дар назар аст”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, ки тайи 5 рӯзи оянда дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст. Дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об пешбинӣ шудааст.

Дар мавриди ҳавои имрӯз Ожонс иттилоъ додааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Сбор урожая в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии коршиносон дар бораи коҳиши даромади деҳқонони тоҷик

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+34 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 39+41  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0