Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

© АКН ТаджикистанаСотрудники АКН Таджикистана изъяли 26 кг наркотиков
Сотрудники АКН Таджикистана изъяли 26 кг наркотиков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд гуруҳи муттаҳам дар нашъаҷаллобиро ошкору боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи коркарди оперативии аъмоли Ғайбулло Узбеков, сокини 69-солаи ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент аъзои дигари гуруҳ муайян карда шудаанд.

Мулоқоти Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, мушовири аршади Раиси Афғонистон  бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Аз иқтисод то мубориза бо терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ

Ба гузориши ВУД, Узбеков қасди фурӯши 10 кило маводи мухаддир дошт, вале боздошт гардид.

Дар пайи таҳқиқ 9 аъзои гуруҳ, ки ҳар кадомашон нақшу манфиати худро доштаанд, муайян шудаанд.

ВУД гузориш дод, ки се узви гуруҳ бар асоси маслиҳати пешакӣ ба маъмурини милиса 40 ҳазор доллар пора додаанд, то ин ҳолат жарфтар таҳқиқ нашаваду аъзои дигари гуруҳ ошкор нашаванд. Аммо дастандаркорон дар пайи пешниҳоди пора дастгир шудаанд.

Муайян шудааст, ки маводи мухаддир ба Собир Холов, сокини шаҳри Панҷакент тааллуқ доштааст, ки ба замми 10 кило, инчунин зимни кофтукоб аз хонааш беш аз 2 кило маводи мухаддири дигар мусодира шудааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи 9 узви ин гуруҳ, ки аз 37 то 73-сола мебошанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0