ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Чанде пеш Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани зани 22-солае дар деҳаи Ясии шаҳри Истаравшан хабар дода, тавзеҳ дода буд, ки муттаҳам дар ин ҷиноят ҷавони 25-солае мебошад, ки бино бар иттилои пешакии тафтишот бемории рӯҳӣ дорад.
Хабарнигори "Тоҷикистон таймс", ба ҷойи ҳодиса рафта, бо хусуру хушдомани зани кушташуда - Нигина сӯҳбат карда, ҷузъиёти бештареро ошкор намудааст.
Ҳодиса субҳи 12 июн дар боғи деҳаи Ясии шаҳри Истаравшан рух дода буд.
Ба нақли пайвандони шавҳари Нигина, ӯ арӯси хубу хоксоре будааст. Аммо онҳо нигаронанд, ки чаро маҳз ӯ зери ҳадафи қотил қарор гирифт.
Субҳи ҳамон рӯз зан баъди анҷоми корҳои хона, соати 6:30 говҳои хоҷагиро ба боғи деҳа бурдааст, ки мех карда ояд. Аммо барнагаштааст.
"Нигина соати 5 саҳарӣ аввал намозашро хонду баъд ба ҳавлиҳо об пошид. То дами обро ҷабидани ҳавлӣ дар ошхона ноништа омода кард. Чун доимӣ говро ба заминҳои кишт бурд, ки мех карда ояд. Маъмулан 15-20 дақиқа вақт сарф мекард. Аммо рӯзи 12 –ум соати 6:30 говро бурду соат 7 шуда бошад ҳам, дарак нашуд", - нақл мекунад Ҷамол Ҷумъаев хусури марҳум.
Хусуру хушдоман якҷо бо волидони арӯс ба кофтукоби вай мебароянд. Аммо дар саҳрое, ки Нигина говҳоро мехбанд карда буд, ҷасади вайро пайдо мекунанд.
" Аҳли оила якҷо бо падари келин ба саҳро рафтем, то Нигинаро пайдо кунем. Вақте ба таги дарахти чормағз расидем дидем, ки сатилҳои оби бо худ бурдааш пури об истодаанд. Дар паҳлуи сатилҳо ҷӯй ва дар дохили ҷӯй ҷисми беҷони Нигина хобидаасту рӯяш бо рӯймоли сараш пӯшида", - афзудааст мард.
Ба иттилои тафтишот, дар ҳамин боғ, арӯсак бо Фаррух ном ҷавоне, ки дар қайди беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ меистод, рӯ ба рӯ мешавад, ки бемориаш хурӯҷ карда будааст. Ҷавон занро боғӣ мекунад ва ҷисми беҷони ӯро ба ҷӯйбор тела медиҳад.
Аммо Ҷамол Ҷумъаев оиладору фарзанддор будани Фаррух Холмуҳаммедовро таъкид карда, мегӯяд, ки ба девона будани ҷавон бовар надорад.
Ба гуфтаи мард, Фаррух ҳатто лаҳзаи содир кардани ҷиноятро ба навор гирифтааст.
"Масъулини мақомоти тафтишотӣ бояд тамоми ҷузъиёти кушторро таҳлил кунанд. Қотеъона мегӯям, ки Фаррух солим аст ва оиладору фарзанддор. Бояд барои амали ваҳшиёнааш дар пеши қонун ҷавоб гӯяд. Агар девона мебуд, ҷасадро дар ҷӯй пинҳон намекард. Ҷисми беҷони келинамро ба таги дарахти чормағз бурда кӯшиш кардааст, ки ҳар ду рӯймолашро гиреҳ карда мурдаро дар дарахт кашол кунад, то ҳама гӯянд, ки Нигина худкушӣ кард. Хайрият тез-тез омадурафт кардани мардум монеи ин сохтакорӣ шудааст", - таъкид мекунад Ҷумъаев.
Зимнан, хушдомани Нигина Роҳат Ҷумъаева низ умед дорад, ки тафтишот паҳлӯҳои норавшани ҳодисаро маълум мекунад ва қотил ҷазо мегирад.
Ёдрас мешавем, ВУД дар гузоришаш таъкид карда буд, ки Фаррух Холмуҳаммедов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, зеро "гаштугузори мубталоёни бемории руҳӣ миёни ҷомеа таҳдид ба ҷони дигарон дорад".