Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду соҳибкор дар Ҳисор ба прокуратура ирсол шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПункты обмена валют в Душанбе 28 августа 2015 года
Пункты обмена валют в Душанбе 28 августа 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои тафтишот маълум шудааст, ки онҳо дар шаҳри Ҳисор ғайриқонунӣ нуқтаи мубодилаи асъор ташкил кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ду соҳибкор дар шаҳри Ҳисор бо ҷурми ғайриқонунӣ ташкил намудани нуқтаи мубодилаи асъор ва  ба муомилот баровардани асъори хориҷӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад Агентии мубориза бо коррупсия.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Мусулмонов Маҳмадалӣ Саидович ва Мирзоев Сунатулло Муҳибуллоевич дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи Аловудинов, бинои 12 нуқтаи мубодилаи асъор ташкил карда, ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул будаанд.

"Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ номбурдагон ҳангоми ғайриқонунӣ ба харидори шартӣ шаҳрванд "А" ба амал баровардани мубодилаи асъори хориҷӣ ба маблағи 3000 доллари ИМА дастир гардиданд", — афзуд манбаъ.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Рейд"- и милиса дар нуқтаҳои таъмири нақлиёт дар Душанбе: ду соҳибкор боздошт шуд

Ёдовар мешавем, ки оид ба ин ҳолат нисбат ба шаҳрвандон Мусулмонов М.С. ва Мирзоев С.М. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи шаҳри Ҳисор ирсол гардид.

Аз 17 апрели соли 2015 тибқи дастурамали  Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуд.

Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон ба таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Парванда алайҳи 4 соҳибкор дар ВМКБ: мехостанд 3 ҳазор арақи худсохти зарарнокро фурӯшанд

Тибқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 286-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, қисми дуюми моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 730 то 1 ҳазору 095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст.

Инчунин агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 277 то 1 ҳазору 642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0