ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти соҳибкорони ғайриқонунӣ дар Душанбе хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ӯ аз моҳи январи соли 2013 то 30-юми январи соли 2019 ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва фаъолияти хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Торобии пойтахт ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт ба шаҳрвандон машғул гардидааст.
"Номбурда, аз пардохтҳои хизматрасонии зикршуда андозро, ки 130 000 сомониро ташкил менамояд, пардохт накардааст. Нисбати соҳибкор парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 259 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилои ВУД.
Ҳамчунин зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкори инфиродиро бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир намуданд.
Мард, моҳи январи соли 2013 то 30-юми январи соли 2019 ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва фаъолияти хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Ҳамдии пойтахт ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт ба шаҳрвандон машғул гардидааст.
Номбурда, аз пардохтҳои хизматрасонии зикршуда андозро, ки 84000 сомониро ташкил менамояд, пардохт накардааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 259 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.