Қаллобони доллардӯстдор: фиреб доду 240 ҳазор долларро гирифт ва дигар барнагардонд

© PixabayДоллары в кармане, архивное фото
Доллары в кармане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран кормандони милитсияи Тоҷикистон дар Кӯлоб ва Душанбе се ҳолоати қаллобӣ бо пули калонро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ахиран дар шаҳри Кӯлоб ва Душанбе се ҳолати қаллобиро ошкор намуданд, ки  гумонбарони он дастгир шуданд. 

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ахиран ба милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2016, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 240.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллоб дастгир шуд: ваъда дод бар ивази 31 ҳазор доллар мӯҳлати ҷазоро кам мекунад

Ҳамчунин, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, марди 74-солаи сокини пойтахт шикоят бурдааст, ки соли 2011, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10.000 - доллар ва 1-адад автомашинаи тамғаи "Дулан", бо арзиши 65 ҳазор доллар, дар маҷмӯъ 75 ҳазор доллар гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин гуна шикоят, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт низ расидааст. Марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 13 майи соли 2016, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор долларрашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои ВУД Тоҷикистон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ нисбати онҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0