Додгоҳи Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро 21 сол зиндон кард: рӯйхати маҳкумшудагон

© Sputnik / Евгений БиятовИсправительная колония, архивное фото
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ташкил намудани садамаи қатораи "Сапсан" дар соли 2017 маҳкум ба зиндон шуданд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии шаҳри Маскав, 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ташкил намудани садамаи қатораи "Сапсан" даст доранд, ба мӯҳлати аз 15 то 21 сол равонаи зиндон намуд.

Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми 11 зодаи Осиёи Марказӣ дар Маскав барои узвият дар “ДОИШ” ва қасди террор

Дар ин бора сомонаи РИА Новости хабар дода, афзудааст, ки ҳар ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, узви созмони террористии ДОИШ ҳастанд.

Маҳкумшудаҳо: Муҳаммад Бобоёров, Ҷумахон Баймонов, Фарҳод Наҷмидинов, Сӯҳробҷон ва Фарҳодҷон Нозимовҳо, Абдулғафор ва Ҳамроҷон Рауповҳо, ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Тавре тафтишот муайян кардаст, маҳкумшудаҳо ҳанӯз 13-уми июли соли 2017, ба хотири ташкил намудани садама, сохтори металлиеро дар роҳи қатора васл намуданд.

220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Қатораи "Сапсан", ки аз самти "Маскав-Санкт-Петербург" ҳаракат мекард, аз болои ин сохтор гузашт ва хушбахтона дучори садама ҳам нашуд.

Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми Аминбеков ва Тағоев барои қасди террори прокурор, сардорони амнияту милиса ва нозир

Вале дасти кам панҷ вагони ин қатора  сахт тахриб шуданд. Гуфта мешавад, аз миёни 7 маҳкумшуда танҳо як нафар гуноҳашро ба гардан гирифт.

Тахмин мезананд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҷиноят ба хотири ибрози эътирозашон алайҳи амалиёти низомии Русия дар Сурия даст заданд.

Онҳо ният доштанд, ки пас аз анҷоми ин ҳодиса, тариқи интернет аз ҳукумати Русия  дархост намоянд, то низомиёни худро аз хоки давлати Сурия берун орад.

Лентаи хабарҳо
0